Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом
Қурбониён ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Патрисия Виверс – Картер созишномаро ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи модернизатсияи идоракунии молиявии давлатӣ -марҳилаи II ба имзо расониданд.
Тавре аз намояндагии БҶ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ассосиатсияи байналмилалии рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар ҳаҷми 9,8 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад.
«Ҳамчун бахше аз кӯшишҳои мо ҷиҳати дастгирии хидматрасониҳои босифати давлатӣ барои аҳолии Тоҷикистон, мо хушҳол ҳастем, ки лоиҳаи навро ҳамроҳ бо
DFID маблағгузорӣ намоем, ки минбаъд боиси таҳкими муассирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти хароҷоти давлатӣ дар Тоҷикистон мешавад», – гуфтааст
Патрисия Виверс-Картер, намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон.
Петер Фернандез Кардӣ, роҳбари DFID дар Осиёи Марказӣдар ин робита изҳор намудааст, ки Британияи Кабир мувофиқ аст, ки дастгирии ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати беҳсозии идоракунии воситаҳои давлатиаш идома диҳад.
«Гранти мо ба маблағи 9,8 миллион доллари ИМА аз тариқи Бонки ҷаҳонӣ таъмин карда шуд ва он ба ҳукумат кӯмак мекунад, ки буҷети худро ба таври муассир, ҳисодотдиҳанда ва шаффоф таҳия ва татбиқ намояд. Он кумак мекунад, ки хидматрасониҳои беҳтари давлатӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон расонида шаванд», – қайд кардааст ӯ.
Лоиҳа навсозии (модернизатсияи) системаҳои автоматии идоракунии
молиявиро барои тақвияти банақшагирии буҷет, татбиқи буҷет, иҷрои буҷет, хазинадорӣ, ҳисобдорӣ ва вазифаҳои ҳисоботдиҳии молиявӣ дар саросари муассисаҳои давлатӣ дастгирӣ хоҳад кард. Он ҳамчунин зарфиятҳои муассисаҳои давлатиро оид ба ҳисобдорӣ ва ҳисоботи молиявӣ тақвият медиҳад.
Ҳамчунин лоиҳа ба тақвияти чорчӯби танзимкунанда ва институтсионалӣ барои харидҳои давлатӣ тамаркуз намуда, амалисозии системаи хариди электрониро дастгирӣ хоҳад кард. Илова бар ин, лоиҳа ба Палатаи ҳисобии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия ва татбиқи методологияи муносиби аудитӣ барои мутобиқ сохтан ва иҷро намудани аудитҳо кумак хоҳад кард.
Ғайр аз ин, Мутобиқи Консепсияи Ҳукумат оид ба ҳукумати электронӣ лоиҳа тақвияти заминаи меъёриву ҳуқуқӣ барои хидматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон ва низ инкишофи бахши пилотии хидматрасониҳои интихобшудаи ҳукумати электрониро дастгирӣ хоҳад намуд.
Гуфта мешавад, Вазорати молияи Тоҷикистон Лоиҳаи модернизатсияи идоракунии воситаҳои молиявии давлатӣ – марҳилаи II-ро то соли 2021 татбиқ хоҳад кард.



