Имкони ба ҳисобаробаркунӣ бо пулӣ миллӣ гузаштани Маскаву Душанбе

Русия ва Тоҷикистон имкони даст кашидан аз доллар дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ва гузаштан ба пули миллиро баррасӣ доранд», – хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба муовини аввали Кумитаи аграрии Шӯрои федералии Русия Сергей Лисовский, ки дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар Маскав чунин ибрози назар кардааст. «Мо хоҳони даст кашидан аз ҳисоббаробаркуниҳо бо […]

ASIA-Plus



Русия ва Тоҷикистон имкони даст кашидан аз доллар дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ва гузаштан ба пули миллиро баррасӣ доранд», –


хабар медиҳад


РИА Новости бо истинод ба муовини аввали Кумитаи аграрии Шӯрои федералии Русия Сергей Лисовский, ки дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар Маскав чунин ибрози назар кардааст.

«Мо хоҳони даст кашидан аз ҳисоббаробаркуниҳо бо доллар ва гузаштан ба асъорҳои миллӣ мебошем», – гуфтааст сенатор. Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки ба ин монанд механизмҳо метавонанд аллакай соли равон мавриди амал қарор гиранд.

Дар робита ба содироти маҳсулоти кишвоварзӣ ва дигар навъи молҳо аз Тоҷикистон ба Русия Лисовкий изҳор доштааст, ки барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани ин кор тавофуқ ҳосил шудааст, ки дар Тоҷикистон ва Русия марказҳои таъминотӣ (логистикӣ) таъсис дода шуда, ҷиҳати табодули мунтазам ва зудтари молу маҳсулот миёни кишварҳо «долонҳои сабз» ташкил карда шаванд.

Ӯ таъкид доштааст, ки зарурати то ҳадди ақал кам кардани расмиёти гумрукӣ ба он алоқаманд аст, ки Тоҷикистон ба Русия маҳсулоти хушсифате интиқол медиҳад, ки қариб пурра бидуни маводи кимиёвӣ парвариш ёфтааст, вале он зуд вайрон мешавад ва барои ин марказҳои таъминот заруранд, то ки маҳсулот сард кунонида шуда, сипас тариқи расмиёти соддашуда бо «долони сабз» ба Русия расонида шавад.

«Долони сабз барои содироткунанагони санҷидашудаву боэътимод пешниҳод мегардад. Мкрказҳои таъминотӣ (логистикӣ) дар Русия маҳсулот аз Тоҷикистонро қабул намуда, хеле зуд ба фармоишгаронашон мерасонанд», – қайд кардааст ӯ.

Лисовский ҳамчунин зикр кардааст, ки Русия ба Тоҷикистон маъмулан маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ, маснӯоти чӯб, маҳсулоти маишии кимиёвӣ ва маҳсулоти гӯштӣ содирот мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.