Баъди аз ҷониби толибон тарконда шудани хатти интиқоли барқ аз Ӯзбекистон, шаҳри Кобул 70% бебарқ монд. Нерӯи барқе, ки аз Тоҷикистон интиқол дода мешавад, барои пойтахти Афғонистон кофӣ нест.
Раҳбарияти ширкати энерегетикии афғонии «Брешно» аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба ин кишвар зиёдтар карда шавад.
Охири моҳи январ дар вулусволии Данди Шаҳобуддини вилояти Бағлон ҷангиёни Толибон якчанд симчӯбҳои хатти интиқоли барқро тарконданд, ки тариқи онҳо аз Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол дода мешуд ва баъди ин пойтахти Афғонистон 70% аз барқ маҳрум гардид. Маконе, ки симчӯбҳои хатти интиқоли барқ аз Ӯзбекистон мавҷуданд, то ҳанӯз таҳти хатари ҳамлаи толибон қарор доранд ва аз ин рӯ, таъмири онҳо алҳол ғайриимкон аст.
Баъдан толибон ҳамчунин ба симчӯби хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон низ осеб расониданд, вале пулис дар муддати кӯтоҳ ин қаламравро таҳти назорат гирифта, интиқоли барқ барқарор шуд.
Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ширкати “Брешно” рӯзи 17-уми феврал ба
Радиои Озодӣ
гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир мушкилоти барқи Кобул рафъ шудааст, зеро онҳо аз Тоҷикистон 100 мегаватт барқ мегиранд. Сухангӯи ширкати барқи Афғонистон дар айни ҳол гуфтааст, ки рӯзи гузашта ба Тоҷикистон паёми катбӣ фиристода ва тақозо кардаанд, ки ин миқдор ба 150 то 180 мегаватт боло бурда шавад.
Дар вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки то ба ҳол чунин дархосте аз ҷониби Афғонистон ба ин вазоратхона нарасидааст. Ба гуфтаи як манбаъ дар ин вазорат, чунин дархостҳо аз тариқи вазорати умури хориҷӣ дарёф шуда ва сипас ба ҳукумат ирсол мешаванд.
Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамасола аввали мавсими тирамоҳу зимистон содироти нерӯи барқ боздошта мешавад, зеро дар ин давра худи ҷумҳурӣ ба камбуди он дучор мегардад. Ба гуфтаи намояндагони ширкат, нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми начандон зиёд «барои коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ» таҳвил дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон низомҳои барқии Тоҷикистону Афғонистонро ду хатти интиқоли барқи 220кВ ва 110кВ пайваст месозанд.
Бино ба маълуомти ширкати «Барқи тоҷик», соли гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. «Дар мавсими тобистон мо имкон дорем, ки чандин маротиба ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистонро зиёд кунем, вале бинобар сабаби мавҷуд набудани шабакаҳои мувофиқ дар кишвари ҳамсоя, алҳол ин кор имконнопазир аст», – гуфтанд дар ширкат.





