БМТ: Шумори нуқтаҳои мубодилаи асъор афзуд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи афзоиши шумори марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ маълумот медиҳад, ки мутобиқи қоидаи нав, аз ҷумла амалиёти мубодилаи асъорро низ анҷом медиҳанд. «Хоҳишмандон барои анҷом додани мубодилаи асъор метавонанд ба хазинаҳои 121 ташкилоти қарзӣ, 434 филиали онҳо, 1 ҳазору 265 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1 ҳазору 464 нуқтаи интиқоли маблағ муроҷиат […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи афзоиши шумори марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ маълумот медиҳад, ки мутобиқи қоидаи нав, аз ҷумла амалиёти мубодилаи асъорро низ анҷом медиҳанд.

«Хоҳишмандон барои анҷом додани мубодилаи асъор метавонанд ба хазинаҳои 121 ташкилоти қарзӣ, 434 филиали онҳо, 1 ҳазору 265 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1 ҳазору 464 нуқтаи интиқоли маблағ муроҷиат намоянд», – қайд мекунад хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.

Дар маълумоти хадамоти матбуоти БМТ зикр мегардад, ки танҳо дар якуним моҳи соли равон шумораи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ 28 адад зиёд шудааст.

Таъкид мешавад, ки дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Султони Кабир», «Фаровон», бозорҳои фурӯши яклухти маҳсулоти хӯрокворӣ, фурӯшгоҳи марказии «СУМ», маркази савдои «Садбарг» барои анҷом додани амалиёти мубодилавӣ 10 адад марказҳои нави хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ ташкил шуда, ҳамарӯза ба мардум хизмат мерасонанд ва раванди таъсиси марказҳои нави хизматрасонии бонкӣ идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта бо қарори Раёсати БМТ фаъолияти ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ карда шуд.

Мувофиқи тартиботи нав, минбаъд мубодилаи асъор танҳо дар марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.