Аз Лукашенко манъи истирдоди Шабнам Худойдодоваро дархост карданд



Дар сомонаи арзномаҳои ҷамъиятии Avaaz.org зери


арзнома-муроҷиат


ба унвони президенти Беларус Александр Лукашенко дар мавриди манъи истирдоди Шабнам Худойдодова ба Тоҷикистон ҷамъоварии имзоҳо шурӯъ шудааст.

Шабнам Худойдодова 15 июни соли 2015 ҳангоми убури марзи Русия ва Беларус боздошт шуд, зеро он замон барои фаъолияти ифротгароӣ дар қаламрави Тоҷикистон мавриди пайгард қарор дошт. Айни замон

масъалаи истирдоди ӯ

ба ватан ҳаллу фасл мешавад.

Дар арзнома (петитсия) қайд мешавад, ки Шабнам Худойдодова «ҷинояткор нест». «Ӯ ҳеҷ ҷинояте содир накардааст. Танҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук фаъолият намуда, ҳуқуқҳои қонунии ҷомеаи демократиро талаб кард ва хотиррасон намуд, ки мансабдорон набояд ҷомеаи демократӣ, озодии баёнро фаромӯш созанд ва дар идоракунии давлат аз шеваи дуруст кор гиранд». – менависанд муаллифони арзнома.

Ҳамчунин дар арзнома зикр мегардад, ки Шабнам Худойдодова дар хориҷи кишвар барои рӯзгузаронии оилааш кор мекард. «Ӯ ягона саробони оила, модару духтараш ва хоҳараш аст. Аллакай муддати 9 моҳ аст, ки ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Брест қарор дорад. Ба худ зиндагии оилаи ӯро тасавур кунед. Дар хонаи онҳо чизи хӯрдание нест, ҳатто нон надоранд», – изҳор мегардад дар арзнома.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15 июни соли 2015 зимни убури марзи Русия ва Беларус шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодова

 ба ҳабс гирифта шуд.

 Дар ин бора дар 

блоги Надежда Атоева

, президенти Иттиҳодияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» хабар дода шуда буд.

Зикр гардида буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ фаъолона аз афкори интиқодии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, зарурати ислоҳоти демократӣ дар ватанашро таъкид месохт. Мувофиқи имкон Худойдодова дар аксияҳои гуманитарӣ ба хотири дастгирии муҳоҷирони кории тоҷик низ иштирок мекард.

Тайи солҳои ахир Шабнам Худойдодова дар Русия иқомат дошт. Ӯ пас аз истирдоди Мақсуд Иброҳим, пешво ва муассиси созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон», узви роҳбарияти нерӯҳои мухолифини «Тоҷикистони нав», ки «Гурӯҳи 24» низ ба он шомил аст, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд. М.Иброҳимов рӯзи 20 январ дар Маскав бедарак шуда, баъдан маълум шуд, ки ӯ дар Тоҷикистон аст.

Баъди гузашти чанд рӯз аз боздошти Ш,Худойдодова, ташкилоти

 Иттиҳодияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ»

 – AHRCA дар робита ба таҳдиди истирдоди ӯ ба Тоҷикистон нигаронӣ изҳор карда, қайд кард ки барои ибрози назари ошкори андешаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон ба ӯ шиканҷа ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 20 сол таҳдид мекунад.

Тобистони соли гузашта Иттиҳоди Аврупо низ 

бо дархости истирдод нашудани

яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» Шабнам Худойдодова муроҷиат намуд.

spot_imgspot_img

Популярное