Ташрифи ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқӣ ба Тоҷикистон



Бо мақсади роҳандозии шарикии мутақобилан судманд имрӯз ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Аҳмедов ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Д.Аҳмедов зимни сафар бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода дидору гуфтушунид мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Қазоқистони Шарқӣ яке аз минтақаҳои пешрафтаи индустриалӣ-аграрӣ буда, дар он иқтидори бузурги саноатии кишвар, аз ҷумла корхонаҳои бузурги металлургияи ранга, мошинсозӣ, энергетика, саноати сабук ва маҳсулоти ғизойӣ мутамарказ шудааст. Дар ин минтақа корхонаҳои истеҳсоли бериллий, тантал ва ҳамчунин корхонаи бузургарин дар ҷаҳон оид ба истеҳсоли сӯзишворӣ барои нерӯгоҳҳои атомӣ воқеъ аст.

Дар вилоят гурӯҳи Ширкатҳои «Бипэк Авто – Азия Авто» – бузургтарин холдинг дар бозори автомобили Қазоқистон; корхонаи насбу васли «Азия Авто» – истеҳсолкунандаи автомашинаҳои сабукрав, ки шариконаш консернҳои маъруфи ҷаҳонии «АВТОВАЗ», Volkswagen AG, General Motors ва KIA Motors мебошанд; «Азия Авто Усть-Каменогорск» – корхонаи муштараки «АВТОВАЗ» ва Гурӯҳи ширкатҳои «Бипэк Авто – Азия Авто», масъули фурӯш ва хизматгузорӣ ба автомобилҳои LADA дар қаламрави ҳавзаҳои Сибир ва Урали Русия ва ғайра фаъолият доранд.

Ғайр аз ин, дар вилояти Қазоқистони Шарқии Қазоқистон бахши рушдёфтаи аграрӣ амал мекунад, ки амнияти ғизойии минтақаро таъмин карда, натанҳо ба иқтисоди вилоят, балки ҷумҳурӣ низ саҳми босазо мегузорад.

spot_imgspot_img

Популярное