Ташрифи ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқӣ ба Тоҷикистон

Бо мақсади роҳандозии шарикии мутақобилан судманд имрӯз ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Аҳмедов ба Тоҷикистон ташриф меорад. Бино ба маълумоти сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Д.Аҳмедов зимни сафар бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода дидору гуфтушунид мекунад. Ба иттилои манбаъ, Қазоқистони […]

ASIA-Plus



Бо мақсади роҳандозии шарикии мутақобилан судманд имрӯз ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Аҳмедов ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Д.Аҳмедов зимни сафар бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода дидору гуфтушунид мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Қазоқистони Шарқӣ яке аз минтақаҳои пешрафтаи индустриалӣ-аграрӣ буда, дар он иқтидори бузурги саноатии кишвар, аз ҷумла корхонаҳои бузурги металлургияи ранга, мошинсозӣ, энергетика, саноати сабук ва маҳсулоти ғизойӣ мутамарказ шудааст. Дар ин минтақа корхонаҳои истеҳсоли бериллий, тантал ва ҳамчунин корхонаи бузургарин дар ҷаҳон оид ба истеҳсоли сӯзишворӣ барои нерӯгоҳҳои атомӣ воқеъ аст.

Дар вилоят гурӯҳи Ширкатҳои «Бипэк Авто – Азия Авто» – бузургтарин холдинг дар бозори автомобили Қазоқистон; корхонаи насбу васли «Азия Авто» – истеҳсолкунандаи автомашинаҳои сабукрав, ки шариконаш консернҳои маъруфи ҷаҳонии «АВТОВАЗ», Volkswagen AG, General Motors ва KIA Motors мебошанд; «Азия Авто Усть-Каменогорск» – корхонаи муштараки «АВТОВАЗ» ва Гурӯҳи ширкатҳои «Бипэк Авто – Азия Авто», масъули фурӯш ва хизматгузорӣ ба автомобилҳои LADA дар қаламрави ҳавзаҳои Сибир ва Урали Русия ва ғайра фаъолият доранд.

Ғайр аз ин, дар вилояти Қазоқистони Шарқии Қазоқистон бахши рушдёфтаи аграрӣ амал мекунад, ки амнияти ғизойии минтақаро таъмин карда, натанҳо ба иқтисоди вилоят, балки ҷумҳурӣ низ саҳми босазо мегузорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.