Пешбарии номзадҳои ҲХДТ ба ҷойи вакилони хориҷшудаи парлумон



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба ба ҷойи ду вакили аз палатаи поёнии парлумон хориҷшуда пешбарӣ кард.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1-и шаҳри Душанбе декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинов ва аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16-и вилояти Суғд роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод Алиҷон Саидзода номзадҳои ҳизб пешбарӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда Маҳмадалӣ Ватанзода (ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1) ва Комил Салимзода (ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16) ба санаи 10 апрел таъин шудааст.

Қобили зикр аст, ки ваколатҳои М.Ватанзода бинобар сабаби таъин шуданаш ба вазифаи ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ ва К.Салимзода ба мансаби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 281 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и онҳо ҷавононанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд. 

spot_imgspot_img

Популярное