Пешбарии номзадҳои ҲХДТ ба ҷойи вакилони хориҷшудаи парлумон

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба ба ҷойи ду вакили аз палатаи поёнии парлумон хориҷшуда пешбарӣ кард. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1-и шаҳри Душанбе декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинов […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба ба ҷойи ду вакили аз палатаи поёнии парлумон хориҷшуда пешбарӣ кард.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1-и шаҳри Душанбе декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинов ва аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16-и вилояти Суғд роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод Алиҷон Саидзода номзадҳои ҳизб пешбарӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда Маҳмадалӣ Ватанзода (ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1) ва Комил Салимзода (ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16) ба санаи 10 апрел таъин шудааст.

Қобили зикр аст, ки ваколатҳои М.Ватанзода бинобар сабаби таъин шуданаш ба вазифаи ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ ва К.Салимзода ба мансаби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 281 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и онҳо ҷавононанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.