Яке аз ҳадафҳои аслии
сафари
ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Аҳмедов ба Қирғизистону Тоҷикистон баррасии масъалаи имкони ба бозорҳои ин кишварҳо роҳ ёфтани маҳсулоти холдинги «Бипэк Авто – Азия Авто» арзёбӣ мешавад.
Бино ба
иттилои
хадамоти матбуоти ҳокими ин вилоят,
дар мулоқот
бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷонибҳо муфассал масъалаҳои роҳандозии корҳои тадорукотӣ, ташкили фурӯши чакана ва хизматгузории баъди фурӯши автомобилҳои тамғаи Lada дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Гуйта мешавад, аз рӯи натоиҷи гуфтушунидҳо дар бораи ояндаи наздик ба Қирғизистону Тоҷикистон сафарбар кардани гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати баррасии масоили роҳ ёфтани маҳсулоти холдинг ба бозорҳои ин кишварҳо тавофуқ ҳосил шудааст.
«Ба фурӯши автомобилҳои мо дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон бидуни шакк имконият мавҷуд аст. Мо дар ин хусус муворфиқаи дахлдор дорем. Вазифаи асосӣ шиносоӣ бо бозори маҳалласт», –
қайд кардааст
директори генералии «Бипэк Авто – Азия Авто» Ержан Мандиев, ки дар вохӯрӣ ҳузур доштааст.





