Осеби 3 кас аз садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чанок

Бар асари бархӯрди ду автомашинаи боркаш дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта 3 нафар осеб диданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти филилаи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммааш вогузор аст, нимаи дуюми рӯз дар километри  56-уми шоҳроҳ автомашинаҳои боркаши тамғаи «Дулан» ва «КамАЗ» бо ҳам бархӯрда, […]

ASIA-Plus



Бар асари бархӯрди ду автомашинаи боркаш дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта 3 нафар осеб диданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти филилаи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммааш вогузор аст, нимаи дуюми рӯз дар километри  56-уми шоҳроҳ автомашинаҳои боркаши тамғаи «Дулан» ва «КамАЗ» бо ҳам бархӯрда, боиси  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштани 3 нафар гардидааст.

Гуфта мешавад, ин садамаи нақлиёт бинобар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, бинобар рух додани садамаи мазкур, давоми 3 соат ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳ ба мушкил мувоҷеҳ шуда, маҳз бо кумаки кормандони  ширкат ва техникаҳои сафарбаршуда, автомашинаҳои ба садама дучоршуда аз қисми мошингарди роҳ бароварда шудаанд ва айни замон ҳаракат тариқи шоҳроҳ таври муназзам таъмин аст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти филиали ширкати IRS аз ҳамаи ронандагон боисрор даъват мекунад, ки таври бояду шояд ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷуда риоя намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, вазъи саломатии як ноболиғ ва чанд мактабхони дигар баъди истеъмоли доруи "Албендазол" бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.