Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун ҳайати нозиронро аз ИДМ дар мониторинги раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи навбатии рӯзи 19 апрели Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви ИДМ дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод номзадии Владимир Гаркун мувофиқа шудааст.
Гуфта мешавад, корҳои ташкили ҳайати нозирон айни замон идома дошта, ба ин ҳайат шомил гардидани намояндагони кишварҳои иттиҳоди ҳамгиройӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва Маҷлиси парлумонии Иттифоқи Беларус ва Русия дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон рӯзи 22 май доир мегардад.





