Намоиши китобҳои тозанашр дар китобхонаи Академияи илмҳо

Имрӯз, 20-уми апрели соли 2016 дар толори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳои тозанашри Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик доир гардид. Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи вусъат бахшидан ба муносибатҳои пажуҳишию таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои дигари илмию […]

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз, 20-уми апрели соли 2016 дар толори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳои тозанашри Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик доир гардид.

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи вусъат бахшидан ба муносибатҳои пажуҳишию таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои дигари илмию фарҳангии кишвар китобҳои дар солҳои 2015-2016 ба табъ расидаи Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шуд.

Дар намоиши китобҳои тозанашр гузориши директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммади Сӯфизода “Оид ба ҳамкории судманду муфиди илмӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик ба хотири таҳким ва тавсеъаи ҳарчи беҳтар ва бештари муносибатҳои ду ниҳод» таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд”.

Созмон додани ин намоиш василаест барои ҳарчи бештар ҷалб намудани олимони тоҷик барои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаву созанда бо дигар ниҳодҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии кишвар. Осори ба намоиш даромада аз лиҳози муҳтаво арзишманд буда, мавриди таваҷҷуҳи хоси аъзои китобхона мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.