Раҳбарии В.Гаркун ба ҳайати нозирони ИДМ дар маъракаи раъйпурсии Тоҷикистон

Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун ҳайати нозиронро аз ИДМ дар мониторинги раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи навбатии рӯзи 19 апрели Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви ИДМ дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод номзадии Владимир Гаркун […]

ASIA-Plus



Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун ҳайати нозиронро аз ИДМ дар мониторинги раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи навбатии рӯзи 19 апрели Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви ИДМ дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод номзадии Владимир Гаркун мувофиқа шудааст.

Гуфта мешавад, корҳои ташкили ҳайати нозирон айни замон идома дошта, ба ин ҳайат шомил гардидани намояндагони кишварҳои иттиҳоди ҳамгиройӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва Маҷлиси парлумонии Иттифоқи Беларус ва Русия дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон рӯзи 22 май доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.