«Босуръат поинравӣ»-и сатҳи озодии матбуот дар Тоҷикистон

Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» аз вазъи озодии ВАО дар соли 2015 натиҷагирӣ кард. Дар гузориши интишоршуда дар сомонаи созмон қайд мешавад, ки дар саросари ҷаҳон сатҳи озодии матбуот поин рафта, озодии ВАО «афтиши амиқ ва нигаронкунанда»-ро аз сар мегузаронад. Дар Индекси ҷаҳонии озодии матбуот -и гурӯҳи журналистии ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» зикр мегардад, […]



Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» аз вазъи озодии ВАО дар соли 2015 натиҷагирӣ кард. Дар гузориши интишоршуда дар сомонаи созмон қайд мешавад, ки дар саросари ҷаҳон сатҳи озодии матбуот поин рафта, озодии ВАО «афтиши амиқ ва нигаронкунанда»-ро аз сар мегузаронад.

Дар

Индекси ҷаҳонии озодии матбуот

-и гурӯҳи журналистии ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» зикр мегардад, ки дар муқоиса бо соли 2014 рейтинги Тоҷикистон якбора 34 банд поин рафта, акнун миёни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 150-уми раддабандиро ишғол мекунад.

Тибқи маълумоти муҳаққиқон, дар Туркия, Лаҳистон (Полша), Тоҷикистон ва Миср мақомоти давлатӣ маҳдудиятҳо ба кори журналистонро пурзӯр намуданд. ВАО-и мустақил низ нисбат ба пешин мавриди фишори «идеологияи динӣ» ва «мошинҳои бузургмиқёси таблиғотӣ» қарор мегиранд.

«Дар саросари ҷаҳон олигархҳо васоити ахбори умумро харида, фишорро роҳандозӣ мекунанд, ки ба фишори ҳукумат тавъам мешавад», – қайд мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, Русия танҳо 4 банд рейтинги худро боло бурда, акнун зинаи 148-умро касб кардааст. «Воқеъан таъқиби журналистоне, ки ҳукуматдоронро дар Русия танқид мекунанд, танҳо тақвият ёфта, ба вазъи озодии ВАО таъсири манфӣ мерасонад», – чунин мешуморанд муаллифони гузориш.

Миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ журналистон дар Эстония (зинаи 14-ум) бештар худро озод эҳсос мекардаанд.

Муҳаққиқони созмони «Хабарнигорони бидуни марз» вазъ дар ИМА аз рӯи ин масъаларо «қаноатбахш» (зинаи 41-ум) арзёбӣ намудаанд.

Миёни кишварҳое, ки аз ҳама бештар ба озодии матбуот арҷу этиром мегузоранд, Финландия, Нидерланд, Норвегия, Дания ва Зеландияи Нав номбар шудаанд.

Зинаҳои охирини рейтингро бо монеъаҳои бештарин барои фаъолияти журналистон Чин, Сурия, Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея ишғол кардаанд.

Дар байни давлатҳое, ки соли 2015 аз ҳама бештар ба афтиш дучор шудаанд, Тоҷикистон низ ҳузур дошта, ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқ, президент Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо терроризмро барои таъқиби гуногунандешӣ истифода кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.