Зинда гӯронидани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Волгоград

Кумитаи тафтишоти вилояти Волгогради Русия аз рӯи далели куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷашни зодрӯзаш парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Гуфта мешавад, мардро дӯстонаш зинда ба зинда гӯронидаанд. Айни замон ҷустуҷӯи ҷасади кушташуда идома дорад. Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, як шаҳрванди маҳаллӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Волгоград муроҷиат намуда, хабар додааст, ки ӯ шоҳиди куштор шудааст. […]

ASIA-Plus



Кумитаи тафтишоти вилояти Волгогради Русия аз рӯи далели куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷашни зодрӯзаш парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Гуфта мешавад, мардро дӯстонаш зинда ба зинда гӯронидаанд. Айни замон ҷустуҷӯи ҷасади кушташуда идома дорад.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, як шаҳрванди маҳаллӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Волгоград муроҷиат намуда, хабар додааст, ки ӯ шоҳиди куштор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, 12 апрел ӯ ҳамроҳ бо дӯстонаш дар хонаи яке аз онҳо зодрӯзи шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро ҷашн гирифтаанд. Қарибиҳои субҳ ӯ ба хоб рафта, вақте бедор мешавад, мефаҳмад, ки миёни соҳибҷашн ва соҳиби хона муноқиша рух дода, дар натиҷа соҳибхона ҳамроҳи ҳамсояаш меҳмонро ба анбор (сарай) мебаранд ва сипас ӯро ба таҳхона фароварда, маҷбур мекунанд, ки чуқурӣ кобад. Минбаъд ӯро зинда ба зинда гӯр мекунанд.

«Зимни санҷиши маълумоти марди муроҷиаткарда гурӯҳи фаврии тафтишотӣ дарҳол ба ҷойи содир шудани ҳодиса рафта, ҳангоми азназаргузаронии таҳхонаи бинои хоҷагидорӣ дарвоқеъ ҳам чуқурии навкофташударо мебинанд, ки дар хоки он осори ранги сиёҳтоб, эҳтимолан хун ҳувайдо будааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Тибқи фарзияи муфаттишон, ҷасади куштаро ба чуқурии пушти ҳавлии хона пинҳон карда, сипас дар ҷойи гӯри нав ахлотпораро оташ сар додаанд ва болои он хок партофтаанд. «Айни замон гурӯҳи фаврии тафтишотӣ дар ҷойи ҳодиса машғули кор буда, барои дарёфти ҷасади марди кушташуда тадбирҳо андешида мешаванд», – зикр мегардад дар хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.