Сокини Турсунзода собиқ ҳамсарашро буғӣ карда кушт

Аввали ҳамин ҳафта дар шаҳри Турсунзода ҳодисаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваста, як мард собиқ ҳамсарашро буғӣ карда кушт. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад,  зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст. Гуфта мешавад, гумонбаршуда, санаи 18-уми апрели […]

ASIA-Plus



Аввали ҳамин ҳафта дар шаҳри Турсунзода ҳодисаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваста, як мард собиқ ҳамсарашро буғӣ карда кушт.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад,  зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда, санаи 18-уми апрели соли равон, собиқ ҳамсараш,  зани 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ба хати ҷангалзори берун аз шаҳри Турсунзода бурда, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда бо моддаи 104 (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.