Муовини сарвазир аз суръати рушди саноат қаноатманд нест

Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо ҷалби масъулини вазорату идораҳо, зерсохторҳои вазорат ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», иттилоъ дода шудааст, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ва бўҳрон дар иқтисоди шарикони стратегӣ дар семоҳаи аввали соли […]

АМИТ «Ховар»



Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо ҷалби масъулини вазорату идораҳо, зерсохторҳои вазорат ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», иттилоъ дода шудааст, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ва бўҳрон дар иқтисоди шарикони стратегӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рушди саноати кишвар дар ҳаҷми 113,1% таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин муддат ба 2996,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки 17,4%-и ММД кишварро ташкил мекунад.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо чунин тарз ташаккул ёфтаанд: саноати хўрокворӣ 25% (748,8 млн. сомонӣ), электроэнергетика 25,4% (761,2 млн. сомонӣ), маъдан 21,3% (639,6 млн. сомонӣ), саноати масолеҳи сохтмон 11,5% (343,7 млн. сомонӣ), мошинсозӣ 8,2% (245,7 млн. сомонӣ), саноати сабук 3,8% (113,9 млн. сомонӣ).

Мутобиқи нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соли ҷорӣ ба истифода додани 161 корхонаи нав бо таъсиси зиёда аз 1640 ҷои кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Муовини Сарвазир таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои чунин бандҳои алоҳидаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар солҳои 2014, 2015 ва 2016 ироа гардида буд, ҷалб намуд: таҳия ва қабули Стратегияи рушди соҳаи саноат; таъсис ва рушди корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст; ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самараноки иқтидорҳои саноатӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ; бо истифода аз технологияҳои муосир зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда; таъмини талаботи бозор ба маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба нақша гирифтани сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва ҷойгир кардани онҳо дар назди манбаъҳои ашёи хом, таъмини ин корхонаҳо бо ҳаҷми зарурии нерўи барқ, об ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва бунёди корхонаҳои нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ.

Зикр гардид, супоришҳое, ки аз Паёмҳои Пешвои миллат бармеоянд, доимо зери назоратанд ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки дар доираи имкониятҳо иҷрои онҳоро марҳила ба марҳила таъмин намояд. Мақсади ниҳоӣ дар ин самт табдил додани иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрии-саноатӣ ба шакли индустриалӣ-аграрӣ мебошад, яъне зиёд намудани ҳиссаи соҳаи саноат ва коркард дар таркиби ММД нисбат ба кишоварзӣ.

Муовини Сарвазир аз дастовардҳои имрўзаи вазорат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ба рушди самтҳои афзалияти нисбӣ доштаи иқтисодии кишвар бояд диққати махсус диҳем. Яке аз чунин самтҳо коркарди абрешим то маҳсулоти ниҳоии атласу адрас мебошад. Ба гунаи мисол, агар дар соли 2015 истеҳсоли матои атлас 3800 метри мураббаъро ташкил намуда бошад, пас ин намуди маҳсулот дар семоҳаи аввал умуман истеҳсол нашудааст, ҳол он ки ин нишондиҳанда дар соли 1991-ум 65 млн. метрии мураббаъро ташкил медод. Вобаста ба ин ба КВД «Пилла» супориш дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли пилларо афзун намояд, чунки тамоюли истеҳсоли пилла дар солҳои охир умуман қобили қабул нест ва илова бар ин бе таъмини ашёи хоми маҳалӣ афзун намудани иқтидорҳои саноатии коркард ғайриимкон мебошад. Инчунин КВД «Пилла» масъул мебошад, ки раванди таъмини корхонаҳои пиллапарвариро бо кирмаки ватанӣ тавассути ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои зотпарварии пилла ҷоннок гардонад.

Имконияти дигаре, ки метавонад ҳам ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳам ба манбаи устувори пардохти андоз мусоидат намояд — ин супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дўхтани либоси мактабӣ дар корхонаҳои дузандагии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва расонидани шумораи он то 1 млн адад мебошад.

Имсол ба истифода додани марҳилаи дуюми МБГ-и ш. Душанбе бо иқтидори 300 мВт электроэнергияи иловагӣ дар назар дошта шудааст ва бо назардошти фаъолияти зиёда аз 208 корхонаи саноатӣ бо ангишт тибқи ҳисобҳои пешакӣ талабот ба он ба 1,7 млн. тонна баробар мегардад. Вобаста ба ин зарур аст, ки аз имрўз таёрии хуб ба роҳ монда шавад, чунки барои таъмини ин нақша тибқи ҳисобҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, интиқоли ангишт ба анборҳо бояд дар як рўз на камтар аз 4000 тоннаро ташкил намояд. Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт вазифадоранд, ки марҳила ба марҳила дар асоси лоиҳаҳои тасдиқгардида тарзи саноатии истихроҷи ангиштро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин муовини Сарвазир ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав тавсия дод, ки дар донишкадаю муассисаҳои таълимии вазорат омода сохтани мутахассисонро вобаста ба талаботи имрўза, алалхусус дар самти ташкил кардани истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунандаю рақобатпазир ба роҳ монанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.