ВКД доир ба ҳамла ба шуъбаи «Агроинвестбонк» дар Данғара

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон базудӣ ҷинояти ҳамлаи роҳзанона ба шуъбаи ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Данғараро, ки субҳи 19 апрел содир шуда буд, ошкор намуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, тахминан соатҳои 04:30-дақиқа рӯзи 19 апрел шахси номаълум бо мақсади роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо нияти тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварӣ, ба дохили […]



Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон базудӣ ҷинояти ҳамлаи роҳзанона ба шуъбаи ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Данғараро, ки субҳи 19 апрел содир шуда буд, ошкор намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, тахминан соатҳои 04:30-дақиқа рӯзи 19 апрел шахси номаълум бо мақсади роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо нияти тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварӣ, ба дохили бинои ҶСК “Агроинвесбонк”-и  ноҳияи Данғара даромада, муҳофизатчии бонки мазкур, милитсионери ШХДМ ШВКД ноҳияи Данғара, марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкурро 17-маротиба бо корд ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаааст. Корманди милитсия бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки ин ҷиноятро ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Данғара содир намудааст. Ҷинояткор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки далелҳои шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст ва тафтишот дар ин самт давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.