Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) ва Ассосиатсияи Миллии Соҳибкории Хурд ва Миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМҶТ) бо дастгирии Ташкилоти ғайридавлатии байналмиллалии Итолиёвии Cesvi рӯзи 21-уми апрели соли 2016 дар меҳмонхонаи Лотуси ш. Душанбе оид ба Ояндаи Бахши Ҳунармандии Тоҷикистон Мизи мудаввар баргузор менамоянд.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, ҳанӯз аз январи соли 2014, Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМҶТ), Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) ва Бизнес клуби Бишкек (БКБ) дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии Итолиёвии Cesvi лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ карда шудааст, ҷиҳати рушд ва ҳамгироии минтақавии Ташкилотҳои тиҷоратии миёнрав (ТТМ) ва Корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар бахшҳои ҳунармандии Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ намуда истодаанд.
Дар давоми ду сол ҳамкорон мизҳои мудаввар ва семинарҳоро бо мақомотҳои давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ташкил намуданд ва сафарҳои омӯзишӣ ба Аврупо намуданд, омӯзиши тренеронро оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монданд, семинарҳо оид ба такмилдиҳии маснуот, табодулҳои минтақавӣ байни КХМ ва ҳунармандони Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба роҳ монданд, ярмаркаҳои ҳунармандӣ ташкил намуданд ва дигар фаъолиятҳоро ҷиҳати таъмин кардани фазои мусоиди меъёриву ҳуқуқӣ барои рушди бахши ҳунармандӣ ва инчунин, таъмин намудани хизматрасониҳои беҳтаркардашуда барои соҳибкорони бахши ҳунармандӣ барои такмил додан ва фурӯхта тавонистани молҳояшон амалӣ намуданд.
Дар давоми конфронс якчанд ҳунармандону косибони аъзои ИҲТ низ барои намоиш додани ҳунарҳои худ даъват карда мешаванд.





