Чорабинӣ дар мавзӯи рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон

Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) ва Ассосиатсияи Миллии Соҳибкории Хурд ва Миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМҶТ) бо дастгирии Ташкилоти ғайридавлатии байналмиллалии Итолиёвии  Cesvi рӯзи 21-уми апрели соли 2016 дар меҳмонхонаи Лотуси ш. Душанбе оид ба  Ояндаи Бахши Ҳунармандии Тоҷикистон Мизи мудаввар баргузор менамоянд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, ҳанӯз аз январи соли 2014, […]

Иттилоияи расмӣ



Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) ва Ассосиатсияи Миллии Соҳибкории Хурд ва Миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМҶТ) бо дастгирии Ташкилоти ғайридавлатии байналмиллалии Итолиёвии  Cesvi рӯзи 21-уми апрели соли 2016 дар меҳмонхонаи Лотуси ш. Душанбе оид ба  Ояндаи Бахши Ҳунармандии Тоҷикистон Мизи мудаввар баргузор менамоянд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, ҳанӯз аз январи соли 2014, Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМҶТ), Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) ва Бизнес клуби Бишкек (БКБ) дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии Итолиёвии  Cesvi лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ карда шудааст, ҷиҳати рушд ва ҳамгироии минтақавии Ташкилотҳои тиҷоратии миёнрав (ТТМ) ва Корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар бахшҳои ҳунармандии Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ намуда истодаанд. 

Дар давоми ду сол ҳамкорон мизҳои мудаввар ва семинарҳоро бо мақомотҳои давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ташкил намуданд ва сафарҳои омӯзишӣ ба Аврупо намуданд, омӯзиши тренеронро оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монданд, семинарҳо оид ба такмилдиҳии маснуот, табодулҳои минтақавӣ байни КХМ ва ҳунармандони Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба роҳ монданд, ярмаркаҳои ҳунармандӣ ташкил намуданд ва дигар фаъолиятҳоро ҷиҳати таъмин кардани фазои мусоиди меъёриву ҳуқуқӣ барои рушди бахши ҳунармандӣ ва инчунин, таъмин намудани хизматрасониҳои беҳтаркардашуда барои соҳибкорони бахши ҳунармандӣ барои такмил додан ва фурӯхта тавонистани молҳояшон амалӣ намуданд.

Дар давоми конфронс якчанд ҳунармандону косибони аъзои ИҲТ низ барои намоиш додани ҳунарҳои худ даъват карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.