Расадхонаи «Санглох» дубора ба фаъолият оғоз мекунад

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2016  Расадхонаи байналмилалии «Санглох»  аз нав ба фаъолият оғоз мекунад. Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки илми муосири астрономия дар Тоҷикистон аз рӯзи таъсиси Расадхонаи Тоҷикистон 13 – уми ноябри соли 1932 бо Қарори Шӯрои Комиссарияти халқии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон оғоз […]

Иттилоияи расмӣ



Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2016  Расадхонаи байналмилалии «Санглох»  аз нав ба фаъолият оғоз мекунад.

Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки илми муосири астрономия дар Тоҷикистон аз рӯзи таъсиси Расадхонаи Тоҷикистон 13 – уми ноябри соли 1932 бо Қарори Шӯрои Комиссарияти халқии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон оғоз гардидааст (соли 1948 он Расадхонаи Сталинобод номгузорӣ шудааст). Бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон аз 17 – уми январи соли 1958 Расадхонаи Сталинобод ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Дар айни замон дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ мушоҳидаи объектҳои табиӣ ва сунъии кайҳонӣ, аз ҷумла тибқи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ иҷро карда мешаванд. Сохти метеорҳо ва атмосфераи болоии Замин, кометаҳо ва астероидҳо, ситораҳо ва галактика ба таври амиқ таҳқиқ карда мешаванд. Таҳти роҳбарии академикҳо П.Б.Бобоҷонов ва О.В.Доброволский мактабҳои машҳури илмӣ оид ба моддаи метеорӣ ва физикаи кометаҳо ташаккул ёфтанд. Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ саҳми институтро дар рушди илми астрономия хеле баланд арзёбӣ намуда, 7 сайёраи хурдро ба номи 7 олими шинохтаи институт ва 2 сайёраи дигарро “Таджикистан”, “ГисАО” номгузорӣ кард.

Дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти астрофизикаи АИ ҶТ нерӯи асосии илмии худ, расадхонаҳо ва таҷҳизоти асосиро ҳифз намуда, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии кометаҳо, моддаҳои метеорӣ ва объектҳои табиӣ ва сунъии наздизаминӣ, ситораҳои тағйирёбанда, комплексҳои ситораҳосилшавӣ, галактикаҳо ва падида (эффект)-ҳои сейсмоионосфериро идома дод. Дар таърихи 14 – уми ноябри соли 2014 дар Агентии кайҳонии Аврупо (дар давлати Олмон) як воқеаи фараҳбахше мавриди таваҷҷӯҳи олимони ҷаҳон қарор гирифт: дастгоҳи кайҳонии “Розетта”, ки дар сатҳи кометаи Чурюмов ва Герасименко қарор дорад, ба таҳқиқи амиқи ин комета оғоз намуд.  Ифтихори олимони тоҷик аст, ки ин кометаро бори нахуст 29 – уми сентябри соли 1969 олими Тоҷикистон – корманди илмии Институти астрофизикаи АИ ҶТ Светлана Герасименко кашф намудааст. С.Герасименко ба Олмон даъват шуда, таҳқиқи сатҳи кометаи кашфнамудаи худро мушоҳида намуд. Ин кометаро омӯхта, олимон ба бисёр масъалаҳои алоқаманд ба пайдоиши ҷисмҳои низоми Офтоб, аз ҷумла пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин ҷавоб хоҳанд ёфт.

Ҳоло дар Институти астрофизика 3 расадхона дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр фаъолият мекунанд: Расадхонаи Ҳисор (баландӣ – 730 м), расадхонаи “Санглох” (баландӣ – 2300 м) дар ноҳияи Данғара ва бахши он расадхонаи “Помир” (баландӣ – 4350 м) дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ аст.

Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” – и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи тақрибан 150 километр ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. 

Расадхона соли 1977 сохта шуда, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 – уми декабри соли 1995, таҳти №723 мақоми байналмилалиро гирифтааст. Расадхона дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст. Ин телескоп соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси (Йона, Олмон) оварда шуда, дар расадхона насб карда шудааст. Телескоп объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40000 километр аз сатҳи замин дида метавонад. Сифати аксҳои ин телескоп тақрибан ба нишондодҳои телескопи қутраш 2 метра наздик мебошад. Чунончи, соли 1985 дар вақти наздикшавии навбатии кометаи Ҳаллей ба Офтоб, аксҳои нахустини он дар расадхонаи “Санглох” бо ёрии телескопи қутраш 1 метра гирифта шуданд, дар ҳоле, ки ин аксҳоро бо ёрии телескопи қутраш 6 метра дарёфт карда натавониста буданд. Дар он лаҳза равшанокии комета ба 22 қутри ситорагӣ баробар буд (чашми одамизод то 6 қудри ситорагиро дида метавонад).

Мавзеи ҷойгиршавии Расадхона низ аз нуқтаи назари физикӣ ва иқлими астрономӣ  беҳамто буда, барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ хеле мусоид мебошад, аз ҷумла дар ин мавзеъ шумораи шабҳои соф дар як сол ба 230 мерасад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз сатҳи замин то баландии зиёда аз 300 метр сифати аксҳои ситораҳо ба воситаи телескопи ин расадхона доимо хуб мебошанд. Чунин имкониятро ягон расадхона дар ҷаҳон надорад, аз ҷумла расадхонаи машҳури Мауна Кеа, ки дар сӯрохии вулқони ҷазираҳои Гавай ҷойгир шудааст.

Вале то солҳои наздик ин дастгоҳи нодир дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, астероидҳо ва моддаҳои метеорӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” барқарор карда шуд. Барқарор намудани Расадхонаи байналмилалии “Санглох” барои ба даст овардани натиҷаҳои сатҳи байналмилалӣ имконият фароҳам оварда, барои рушди илм дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин ба олимон ва мутахассисони соҳаи астрономия имконият медиҳад, ки дар Расадхонаи мазкур кору фаъолият намуда, мушоҳидаҳои астрономӣ гузаронанд, бо олимони давлатҳои дунё ҳамкорӣ намоянд ва мактаби астрономии Тоҷикистонро тақвият бахшанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.