Гумонбарии 4 тоҷикистонӣ ба рабудани ҳамватанони худ

Чор шаҳрванди Тоҷикистон ба рабудан ва гаравгонгирии ду нафар ҳамдиёрони худ дар вилояти Маскав гумонбар дониста мешаванд. Аз хешону пайвандони рабудашудагон онҳо 1 млн. рубл барои раҳоии ҳар кадоме талаб кардаанд. Бино ба маълумоти сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, 28 май дар шаҳри Апрелевкаи ноҳияи Наро-Фоминск гумонбаршудагон дар назди яке аз хонаҳо ду […]

ASIA-Plus



Чор шаҳрванди Тоҷикистон ба рабудан ва гаравгонгирии ду нафар ҳамдиёрони худ дар вилояти Маскав гумонбар дониста мешаванд. Аз хешону пайвандони рабудашудагон онҳо 1 млн. рубл барои раҳоии ҳар кадоме талаб кардаанд.

Бино ба

маълумоти

сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, 28 май дар шаҳри Апрелевкаи ноҳияи Наро-Фоминск гумонбаршудагон дар назди яке аз хонаҳо ду тан аз ҳамватанони худро лату кӯб карда, бо автомашина ба самти номаълум мебаранд ва барои раҳоии онҳо 2 млн. рубл талаб мекунанд.

Онҳо ҳамдиёрони худро дар ноҳияи Митиши то 3 июн ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, зимни амалиёти махсус кормандони дастаи зудамали «Булат» гаравгононро озод ва гумонбаршудагонро боздошт мекунад.

Шаҳрванди Тоҷикистон бо хабари рабуда шудани бародар ва шиносаш дар ноҳияи Наро-Фоминск ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст.

Дар сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав дар ин робита

иттилоъ дода мешавад

, ки ба мақомоти пулиси вилоят муяссар шудааст, ки дар давоми як шабонарӯз шахсияти гумонаршудагонро муайян ва онҳоро боздошт намояд. Боздоштшудагон сокинони синни аз 22 то 31-солаи Осиёи Марказӣ будаанд, ки ғайриқонунӣ ду нафарро ба асорат гирифта, барои раҳоии онҳо дар ҳаҷми 1 млн. рубл маблағи пулӣ тамаъ кардаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=kMc_yysy604

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.