Баррасии нақши САҲА дар Тоҷикистон дар Душанбе

Дар Душанбе вохӯрии ҳамасолаи Гурӯҳи Ҳадафнок дар мавзӯи «Нақши САҲА дар Тоҷикистон» доир мегардад. Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА, Дафтари САҲА дар ҶТ ва ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шакли мизи гирд баргузор мешавад. Аз Дафтари САҲА ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии даҳуми […]

ASIA-Plus



Дар Душанбе вохӯрии ҳамасолаи Гурӯҳи Ҳадафнок дар мавзӯи «Нақши САҲА дар Тоҷикистон» доир мегардад. Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА, Дафтари САҲА дар ҶТ ва ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шакли мизи гирд баргузор мешавад.

Аз Дафтари САҲА ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии даҳуми ҳамасола натиҷагирӣ аз фаъолияти САҲА давоми фаъолияти он дар Тоҷикистон, баррасӣ ва тарҳрезии афзалиятҳо барои соли 2017 ва муҳокимаи имконоти роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуҳлат аст.

Дар ҳамин ҳол, аз Дафтари САҲА журналистонро огоҳ намуданд, ки онҳо танҳо ба маросими ифтитоҳ ва қисмати якуми вохӯрӣ роҳ дода мешаванд. Барномаи вохӯрӣ дастрас нест.

Ҳайати САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардида, 2 октябри соли 1996 бо қарори ҳукумати ҶТ намояндаи доимии ҶТ дар назди САҲА дар Вена таъин шуд. Соли 2002 Ҳайат ба Маркази САҲА дар Душанбе табдил дода шуд.

Айни замон Дафтари САҲА дар Тоҷикистон панҷ идораҳои корӣ дорад (дар Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ғарм ва Шаҳритӯс). Дафтари САҲА дар Тоҷикистонро шурӯъ аз соли 2013 сафир Маркус  Мюллер роҳбарӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.