Сафорати Тоҷикистон қазия дар Люблиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳодиса дар бозори Люблинои шаҳри Маскавро, ки дар он тоҷикистонӣ аз корд захмӣ шуд, шарҳ дод. Дар ин бора Роҳбари Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов хабар дода буд. Сафорат иттилоъ медиҳад, ки дар қаламрави маркази савдои «Люблино» рӯзи 5 июн шаҳрванди Тоҷикистон Усмонов Қиёмиддин Зиёевичи 39-сола аз зарбаи […]

ASIA-Plus



Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳодиса дар бозори Люблинои шаҳри Маскавро, ки дар он тоҷикистонӣ аз корд захмӣ шуд, шарҳ дод. Дар ин бора Роҳбари Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов

хабар дода буд.


Сафорат иттилоъ медиҳад, ки дар қаламрави маркази савдои «Люблино» рӯзи 5 июн шаҳрванди Тоҷикистон Усмонов Қиёмиддин Зиёевичи 39-сола аз зарбаи корд захмӣ шуда, дар бемористони ба номи Боткини шаҳр бистарӣ шудааст.

«Сафорати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар Русия ба аёдати ҳамватанамон ба бемористон рафта, бо табибони муолиҷакунандаи ӯ суҳбат карданд. Айни замон Қ.Усмонов аз шуъбаи эҳёгарӣ ба палатаи умумӣ гузаронида шуда, вазъи солимии ӯ муътадил арзёбӣ мешавад», – қайд мекунад намояндагии дипломатӣ.

Ба иттилои манбаъ, кормандони сафорат ва намояндагии мақомоти муҳоҷират бо муфаттишони ин ҳодиса, ки аз рӯи он аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вохӯрда, мулоқот кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, сафорат маълумоти дар ин робита интишорнамудаи Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро бардурӯғ хонда, изҳор медорад, ки «гӯё аз ҷониби намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба сафорат пешниҳод шудани маълумоти бардурӯғ ҳеҷ асоси воқеӣ надорад».

«Ба муаллифони ин маълумот хотиррасон карданием, ки тамоми намояндагиҳои мақомоти давлатии Тоҷикистон фаъолияти худ дар қаламрави Русияро тибқи мувофиқа бо сафорати Тоҷикистон дар Русия амалӣ мекунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба муаллифони ин маълумот тавсия медиҳад, ки бо Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ ва консулгарӣ, ки дар он вазифа ва уҳдадориҳои намояндагиҳои дипломатӣ дар кишвари иқомат зикр шудаанд, аз наздик ошно гарданд», – қайд мешавад дар изҳороти сафорати ҶТ дар Русия.

Намояндагии дипломатӣ ҳамчунин ба раҳбарияти ташкилоти «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ёдрас мекунад, ки «тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими қаламрави Русия мебошанд, зимни содир кардани ин ё он қонуншиканӣ мутобиқи қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва ба тафтиши ин қонуншиканиҳо танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар машғул мешаванд».

«Ба доираи уҳдадориҳои сафорат масоили марбут ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон дохил мешаванд, лекин ба даъвати шаҳрвандон ва гузашта аз ин, ба тафтиши ин ҳодисаҳо намояндагии дипломатӣ салоҳиятдор нест», – таъкид мешавад дар изҳорот. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.