Кумаки техникии сафорати ИМА ба Қушӯнҳои сарҳадӣ

Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳадҳо (EXBS) 7 мошини нави роҳпаймои таъиноташ умумӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар гардондани фаъолияти таъмини амният дар сарҳад ва ҷилавгирӣ аз қоҷоқи аслиҳаи қатли ом тақдим намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, мошинҳои мазкур барои бошитоб […]

Иттилоияи расмӣ



Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳадҳо (EXBS) 7 мошини нави роҳпаймои таъиноташ умумӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар гардондани фаъолияти таъмини амният дар сарҳад ва ҷилавгирӣ аз қоҷоқи аслиҳаи қатли ом тақдим намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, мошинҳои мазкур барои бошитоб кашонидани ҳайати шахсӣ ва бор ба ҳама ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд. Инчунин, қисми муайяни қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири мошинҳо таъмин шудааст.

Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад барои баланд бардоштани иқтидори кишварҳои шарик ҷиҳати ошкору ҷилавгирӣ кардан ва тафтишу таъқиб намудани интиқоли ғайрқонунии силоҳи қатли ом, мавод барои истеҳсоли он ва яроқи муқаррарӣ кӯмак мерасонад.

Сафорати ИМА дастгириро ба Ҳукумати Тоҷикистон тавассути шарикӣ бо агентиҳои ИМА ҷиҳати таъмини таҷҳизоти муосир, давраҳои омӯзишӣ ва такмили инфрасохтор идома хоҳад дод. Васоити нақлиёте, ки аз ҷониби Сафорати ИМА тақдим шуданд, иқтидори Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри таъмини амнияти сарҳадӣ хеле баланд хоҳад бардошт.

Мошинҳои мазкур қисми яке яз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошанд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико татбиқ мекунад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасон барои дастгирии рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон чудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.