Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Ҳамзалӣ Икромзода



Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» идома медиҳад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рӯз дар торнамои Эътилоф  ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешкаш мешавад.


Ин дафъа қиссаи Ҳамзалӣ Икромзода манзур мегардад.




Тирамоҳи соли 2012 марги Ҳамзалӣ Икромзодаи 27-сола дар ҷойи маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон ба таври васеъ инъикос гардид. Пайвандони Ҳамзалӣ боварӣ доранд, ки ӯ қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона гаштааст. Хулосаи тиббии расмӣ нишон дод, ки изҳои сӯхта дар бадани Ҳамзалӣ дар натиҷаи расонидани ёрии аввалия пайдо шудаанд, зарари қафаси сина бошад, дар натиҷаи кӯшиши наҷот додани вай.

Ташхисгарони судӣ-тиббӣ эълон доштанд, ки сабаби марги Ҳамзалӣ худашро овехтанаш мебошад.

Амиралӣ – бародари Ҳамзалӣ мегӯяд, ки волидони куҳансоли ӯ аз замони аз даст додани писарашон то ҳол ба худ наомадаанд. Ӯ нақл кард, ки бародараш аз замони хеле ҷавонӣ ҳамеша нафарони ниҳоят беҳимоят ва озордидаро ҳимоят мекард. «Ҳамзалӣ метавонист барои адолат ҷонашро диҳад»,- ба ёд меорад Амиралӣ.

spot_imgspot_img

Популярное