Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон



Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба интиҳои моҳи майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 4 242, 1 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 6 714,5 млн. сомониро ташкил дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, таркиби бақияи қарзҳо аз 42,6% (4 670,8 миллион сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 57,4% (6 285,8 миллион сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ҳаҷми қарзҳои хурди дар моҳҳои январ-майи соли равон додашуда, 1 471,5 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ 301,8 миллион сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд, ки назар ба моҳи апрели соли ҷорӣ 47,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное