Ҳукми 23 соли зиндон ба қотили «Зафар-бедняк»

Суди шаҳри Душанбе Обид Мақсудов, писари директори корхонаи кабели Тоҷикистон Эмом Мақсудовро, ки бештар чун Эмом Хубак маъруф аст, барои куштани Зафар Азимов , бештар маъруф  бо лақаби «Зафар Бедняк» ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Аз суди шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи […]

ASIA-Plus



Суди шаҳри Душанбе Обид Мақсудов, писари директори корхонаи кабели Тоҷикистон Эмом Мақсудовро, ки бештар чун Эмом Хубак маъруф аст, барои


куштани Зафар Азимов


, бештар маъруф  бо лақаби «Зафар Бедняк» ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Аз суди шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 24 соли зиндонро дархост карда буд.

Ёдрас мекунем, ки зимни баёнот додан Обид Мақсудов изҳор карда буд, ки

сабаби куштани З.Азимов

дар он аст, ки аз ӯ ба маблағи зиёд қарздор будааст. «Ӯ ба ман 110 ҳазор доллари ИМА қарздор буд. Ман ба ӯ инро фаҳмониданӣ шудам, вале ӯ ба гапҳои ман гӯш надода, ҳатто ба ман дағалӣ кард. Баъди ин ман дигар худро идора карда натавонистам», – иқрор шуда буд он замон Обид Мақсудов, ки соҳибкорро аз дилаш захмӣ карда, дар натиҷа ӯ дар бемористон ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти ВКД, Обид Мақсудови 32-сола қаблан мутобиқи моддаи 237, қ 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда будааст.

Зафар Азимови 38-сола ба тиҷорат дар бахшҳои сохтмону хариду фурӯши автомашинаҳои тамғаҳои гаронбаҳои хориҷӣ машғул буд. Ӯ миёни ҷомеа бо лақаби «Зафар-бедняк» маъруфият дошт.

Ҳамчунин маълум аст, ки Файзулло Азимов, падари Зафар замони шӯравӣ дар ноҳияи Маскав (феълан Ҳамадонӣ) ба ҳайси агроном кор карда, сипас ба соҳибкорӣ рӯ овард. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ оилаи Азимовҳо маркази савдо ва якчанд мағозаҳои бузургро дар ихтиёр доранд.



Дар акс Обид Мақсудови 32-сола, ки шахсро барои қарз ба маблағи 110 ҳазор доллари ИМА кушт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.