Вакилон ба омӯзиши масъалаи бехатарии маҳсулоти хӯроквории ватанӣ машғул шуданд

Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масоили амалисозии қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» баррасӣ шуд. Дар ҷаласа ба ҷуз вакилони мардумӣ, ҳамчунин вазири кишоварзӣ Изззатулло Сатторӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сартабиби санитарии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров, директори […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масоили амалисозии қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа ба ҷуз вакилони мардумӣ, ҳамчунин вазири кишоварзӣ Изззатулло Сатторӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сартабиби санитарии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров, директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ширкат варзиданд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, вобаста ба масъалаи баррасишаванда ва ба хотири дар сатҳи баланд доир намудани муҳокимаи парламентӣ, гурӯҳҳои кории махсуси таъсисёфта  бо шароити корӣ ва ҳолати бехатарии маҳсулоти хӯроквории корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар шинос шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар дар масъалаи риояи меъёрҳои технологияҳои истеҳсол ва нигаҳдории маҳсулоти хӯроквории тайёр як қатор номувофиқатиҳо ошкор карда шудаанд. Миёни «қонуншиканон» ҶДММ «Комбинати панири шаҳри Душанбе» номбар шудааст, ки дар он камбудиҳои сершумор дарёфт гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи масъалаи муҳокимашуда бо дарназардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.