Шаш нафар толибилмон аз Тоҷикистон ба дарёфти медалҳои Олимпиадаи XX наврасони Балкан оид ба фанни математика, ки дар шаҳри Слатинаи Руминия доир гардид, мушарраф гардиданд.
Суннатулло Раҳматов, толибилми гимназия-интернати русӣ-тоҷикии «Ҳотам ва П.В.» бо 32 имтиёз соҳиби медали тилло ва Шукрона Холова, толибилми литсей барои кӯдакони қобилиятнок бо 22 имтиёз медали нуқра ба даст оварда, боз чор нафар намояндагони Тоҷикистон – толибилмони литсейи «Ҳотам ва П.В.» Наимҷон Хонҷонов, Фаридун Дилшодов, Алиакбари Азиз ва муҳассили литсей барои кӯдакони қобилиятнок Таҳмурас Абдурашидов ба дарёфти медалҳои нуқраи олимпиада шарафёб шуданд.
Бино ба иттилои
сомонаи расмии
Олимпиада, миёни 21 кишвари иштирокчии олимпиада дастаи Тоҷикистон бо 104 имтиёз зинаи 8-умро ишғол намуда, бар дастаҳое чун Арабистони Саудӣ (93 имтиёз), Юнон (89 имтиёз), Индонезия (88 имтиёз), Фаронса (75 имтиёз), Озарбойҷон (74 имтиёз) ва дигар кишварҳо пирӯз шуданд.





