Медалҳои толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи Балкан

Шаш нафар толибилмон аз Тоҷикистон ба дарёфти медалҳои Олимпиадаи XX наврасони Балкан оид ба фанни математика, ки дар шаҳри Слатинаи Руминия доир гардид, мушарраф гардиданд. Суннатулло Раҳматов, толибилми гимназия-интернати русӣ-тоҷикии «Ҳотам ва П.В.» бо 32 имтиёз соҳиби медали тилло ва Шукрона Холова, толибилми литсей барои кӯдакони қобилиятнок бо 22 имтиёз медали нуқра ба даст оварда, […]

Тӯйчӣ Рашидов, махсус барои ASIA-Plus



Шаш нафар толибилмон аз Тоҷикистон ба дарёфти медалҳои Олимпиадаи XX наврасони Балкан оид ба фанни математика, ки дар шаҳри Слатинаи Руминия доир гардид, мушарраф гардиданд.

Суннатулло Раҳматов, толибилми гимназия-интернати русӣ-тоҷикии «Ҳотам ва П.В.» бо 32 имтиёз соҳиби медали тилло ва Шукрона Холова, толибилми литсей барои кӯдакони қобилиятнок бо 22 имтиёз медали нуқра ба даст оварда, боз чор нафар намояндагони Тоҷикистон – толибилмони литсейи «Ҳотам ва П.В.» Наимҷон Хонҷонов, Фаридун Дилшодов, Алиакбари Азиз ва муҳассили литсей барои кӯдакони қобилиятнок Таҳмурас Абдурашидов ба дарёфти медалҳои нуқраи олимпиада шарафёб шуданд.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии

Олимпиада, миёни 21 кишвари иштирокчии олимпиада дастаи Тоҷикистон бо 104 имтиёз зинаи 8-умро ишғол намуда, бар дастаҳое чун Арабистони Саудӣ (93 имтиёз), Юнон (89 имтиёз), Индонезия (88 имтиёз), Фаронса (75 имтиёз), Озарбойҷон (74 имтиёз) ва дигар кишварҳо пирӯз шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.