Тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар масҷидҳои Тоҷикистон

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳор доштааст, ки хабари амали террористӣ дар фурудгоҳи Истанбулро бо андӯҳи бузург қабул кардааст. «Ин хабари ғамангез аст ва ман ҳама гуна ҳамлаҳои террористиро маҳкум мекунам», – иброз доштааст ӯ. Ба гуфтаи номбурда, ба хотири таъмини амният рӯзи ҷашни Иди Рамазон – 6 июл дар тамоми масҷидҳои […]

ASIA-Plus



Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳор доштааст, ки хабари амали террористӣ дар фурудгоҳи Истанбулро бо андӯҳи бузург қабул кардааст. «Ин хабари ғамангез аст ва ман ҳама гуна ҳамлаҳои террористиро маҳкум мекунам», – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, ба хотири таъмини амният рӯзи ҷашни Иди Рамазон – 6 июл дар тамоми масҷидҳои кишвар навбатдорӣ роҳандозӣ мегардад.

«Имрӯз дар ҷаласаи шӯрои уламо тасмим гирифтем, ки дар рӯзи ҷашни Иди Рамазон дар тамоми масҷидҳо навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ карда шавад. Шахсони масъул бояд ба риояи тартибот назорат карда, дар сурати шакку шубҳа пайдо намудани ба шахсон ва ё амалҳои онҳо, ба мақомоти салоҳиятдор хабар диҳанд», – гуфтааст муфтӣ.

Ҳамчунин ӯ зикр кардааст, ки мутахассисон низ тариқи камераҳои мушоҳидаи видеойӣ тамоми қаламрави масҷидҳо ва гирду атрофи онро таҳти назорат қарор медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.