Фурудгоҳи Истанбул ба фаъолияти муқаррарӣ бозгашт

Фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истамбул, ки чанде қабл дар ин ҷо амали террористӣ содир шуд, ба реҷаи фаъолияти муқаррарӣ бозгашт. Хабаргузории INTERFAX дар ин робита менависад, осори таркишҳо ҳанӯз ҳам ба мушоҳида расида, дар ҷойи ҳодиса муфаттишон машғули коранд ва пайи муайян кардани шахсияти террористон ва бо кадом роҳу восита ба қаламрави кишвар ворид […]

ASIA-Plus



Фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истамбул, ки чанде қабл дар ин ҷо амали террористӣ содир шуд, ба реҷаи фаъолияти муқаррарӣ бозгашт.

Хабаргузории INTERFAX дар ин робита менависад, осори таркишҳо ҳанӯз ҳам ба мушоҳида расида, дар ҷойи ҳодиса муфаттишон машғули коранд ва пайи муайян кардани шахсияти террористон ва бо кадом роҳу восита ба қаламрави кишвар ворид шуданашон таҳқиқ мегузаронанд.

Айни замон маълум аст, ки терроистон ба фурудгоҳ бо такси омада, дарҳол замони аз автомашина берун омадан аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар қаламрави фурудгоҳ ва дохили шаҳр ба тадбирҳои амниятӣ тақвият бахшида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул

таркишҳо ба вуқӯъ пайваста

, ба талафоти зиёди ҷонӣ боис шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ 

изҳор намуд

, ки миёни осебдидагон дар амалҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Ҳамчунин

иттилоъ дода будем

, ки имрӯз аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози ҳавопаймоҳои худ ба Истанбулро ба таъхир гузоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.