Аз рекорди шахсии худ бигӯед. Озмуни Asia-Plus ва Tcell

Фарзандатон эҷодиёти Умари Хайёмро азёд медонад? Шумо дар варзишу касб ё дар таҳсилу омӯзиш ва ё соҳаи дигаре ба дастоварди назаррасе соҳиб гаштаед? Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқолияти Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии «ASIA-Plus», гурӯҳи расонаҳои «ASIA-Plus» ва ширкати Tcell таҳти унвони «Рекорди шахсии ман» озмун баргузор мекунанд. Дар навори видеоии кӯтоҳ шумо метавонед дар бораи […]



Фарзандатон эҷодиёти Умари Хайёмро азёд медонад? Шумо дар варзишу касб ё дар таҳсилу омӯзиш ва ё соҳаи дигаре ба дастоварди назаррасе соҳиб гаштаед?

Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқолияти Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии «ASIA-Plus», гурӯҳи расонаҳои «ASIA-Plus» ва ширкати Tcell таҳти унвони «Рекорди шахсии ман» озмун баргузор мекунанд.

Дар навори видеоии кӯтоҳ шумо метавонед дар бораи дастоварди худ ҳикоят карда ва ё онро намоиш бидиҳед. Сипас кофист, ки ин навори видеоро ба саҳифаи радиои «Asia-Plus» дар Facebook – 

https://www.facebook.com/radioasiaplus/

бифиристед.

Ҳайати ҳакамон дар симои кормандони «Азия-Плюс» ва ширкати Tcell бо назардошти муҳтавои навори видео, тарзу усулҳои пешрафтаи пешниҳоди он ва ҳамчунин шумори пахшҳо (лайкҳо) ба он, се нафар ғолибонро интихоб мекунанд.

Ғолибонро туҳфаҳои зерин интизор аст:

Ҷойи 1-ум – TV LED Osten, 32” аз радиои Asia-Plus ва 25 Гб интернети мобилӣ аз Tсell дар муддати 3 моҳ.

Ҷойи 2-юм – Смартфони LG G4 аз радиои Asia-Plus ва 25 Гб интернети мобилӣ аз Tcell дар муддати 1 моҳ.

Ҷойи 3-юм – Смартфони LG LEON аз радиои Asia-Plus ва 25 Гб интернети мобилӣ аз Tсell дар муддати 1 моҳ

Бишитобед! Озмун то 13 июл идома меёбад!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.