Ҳукми зиндон ба ронандаи тоҷикистонӣ барои болои капот кашола бурдани пулиси рус

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нисбати як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Амоннуло Яҳёхӯҷаев, ки нозири Раёсати ВКД дар яке аз ноҳияҳои шаҳрро пахш намуда, баъди ин ӯро ба масофаи 50 метр дар қисмати болои автомашинааш (капоташ) кашола карда бурда буд, ҳукм содир шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти прокуратураи шаҳри Санкт Петербург, А.Яҳёхӯҷаев ба содир намудани ҷиноят […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нисбати як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Амоннуло Яҳёхӯҷаев, ки нозири Раёсати ВКД дар яке аз ноҳияҳои шаҳрро пахш намуда, баъди ин ӯро ба масофаи 50 метр дар қисмати болои автомашинааш (капоташ) кашола карда бурда буд, ҳукм содир шуд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти прокуратураи шаҳри Санкт Петербург, А.Яҳёхӯҷаев ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 318, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ин кишвар (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) гунаҳкор дониста шуда, ба 2 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Гуфта мешавад, бар асари ин амали ронанда корманди пулис ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардошта, ҳамчунин айбдоршаванда кӯшиш кардааст, ки аз ҷойи ҳодиса гурехта, аз масъулияти маъмурӣ оид ба фурӯши ғайриқонунии молҳои фурӯшашон манъ ё маҳдудшуда сарпечӣ намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.