Анҷоми муваффақонаи ҷарроҳии пайванди гурдаи Эмомиддин Холов

Ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холов, ҷавоне аз Рашт, ки дар хизмати артиш гурдаҳояш аз коркунӣ бозмонда буданд, муваффақона анҷом пазируфт. Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмуҳаммад Исмоилзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бемор аллакай ба ҳуш омада, айни замон вазъи солимии ӯ ва модараш, ки донори писараш буд, қаноатбахш […]

Мавзуна Абдуллоева



Ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холов, ҷавоне аз Рашт, ки дар хизмати артиш гурдаҳояш аз коркунӣ бозмонда буданд, муваффақона анҷом пазируфт.

Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмуҳаммад Исмоилзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бемор аллакай ба ҳуш омада, айни замон вазъи солимии ӯ ва модараш, ки донори писараш буд, қаноатбахш мебошад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки барои ҷарроҳӣ дар Душанбе бо назардошти муолиҷаи баъди ҷарроҳии модару писар 100 ҳазор сомонӣ маблағ зарур мебошад, ки оилаи Холовҳо ба ҷамъоварии ин миқдор маблағ имкон надоранд.

Мавриди зикр аст, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 13 июл вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода

изҳор намуд

, ки табибони пайвандсози узвҳои инсон (трансплантологҳо)-и Тоҷикистон ният доранд, ки моҳи август ҷарроҳии нахусти пайванди мағзи устухонро анҷом диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 июл зимни нишасти хабарӣ Саидмуҳаммад Исмоилзода иттилоъ дода буд, ки арзиши ҷарроҳии пайванди гурда дар ин марказ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва барои муолиҷаи баъди ҷарроҳӣ низ боз ҳамин қадар маблағ зарур аст.

Ҳамчунин чанде пеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи ӣчтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода зикр карда буд, ки Вазорат барои ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холови 22-сола 

20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Аммо ин миқдор маблағ барои рӯйпӯш кардани тамоми хароҷот кофӣ нест. Айни замон барои хароҷоти ҷарроҳии Эмомиддин ва муолиҷаи баъди писару модар дастаҷамъона маблағ ҷамъоварӣ мешавад. Барои ҷамъоварии маблағ саҳифаи зерин боз шудааст: 

https://www.gofundme.com/fzeggbwc



Ғайр аз ин, касоне, ки дар ин кори хайр ба Эмомиддин Холов дасти ёрӣ дароз карданианд, метавонанд бо телефонҳои зерин занг зананд: (+992) 93 873 12 18,  987 12 24 38.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.