АИ ҶТ: Таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон то соли 2019 идома меёбад

Мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон то соли 2019 идома меёбад. Ба қавли номбурда, ин тамоил айни замон низ ҷараён дошта, солҳои 2018-2019 низ идома меёбад. «Мутобиқи ин пешгӯиҳо, мо пешниҳод кардем, ки суръати афзоиши иқтисоди ҷумҳурӣ дар […]

Меҳрангез Турсунзода



Мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон то соли 2019 идома меёбад.

Ба қавли номбурда, ин тамоил айни замон низ ҷараён дошта, солҳои 2018-2019 низ идома меёбад. «Мутобиқи ин пешгӯиҳо, мо пешниҳод кардем, ки суръати афзоиши иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи 6-7% нигоҳ дошта шавад ва дар ин сурат мо метавонем худро аз таъсирҳои манфӣ ҳимоя кунем», гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Л.Саидмуродов бобати кай ба авҷи худ расидани буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ надод.

Ёдрас мекунем, ки тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи июни соли равон, ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон – 4% ва соли оянда – 4,5% пешбинӣ мешавад.

Дар гузориши худ Бонки ҷаҳонӣ ба рукуди комил дар иқтисоди Русия ишора намуда, таъкид мекунад, ки бинобар сабаби коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон аз ин кишвар, иқтисоди кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ осеб диданд.

Бино ба маълумоти «Гузориши рушди Осиё-2016», ки дар Душанбе аз ҷониби Бонки осиёгии рушд муаррифӣ гардид, коҳиши ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистон соли равон низ идома ёфта, 3,8%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми иқтисоди миллиро дар сатҳи 6,5% пешгӯӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.