Сабти 11 ҳазор заминларза дар Тоҷикистон аз оғози сол

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар шарҳи пешгӯии ҳамтоҳои қирғизи худ изҳор намуд, ки аз оғози соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 11 ҳазор ҳодисаҳои заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми соли 2015 ин рақам дар маҷмӯъ 26 ҳазор ҳодисаро ташкил додааст. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар минтақаи аз нигоҳи сейсмикӣ хатарнок қарор […]

Меҳрангез Турсунзода



Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар шарҳи пешгӯии ҳамтоҳои қирғизи худ изҳор намуд, ки аз оғози соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 11 ҳазор ҳодисаҳои заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми соли 2015 ин рақам дар маҷмӯъ 26 ҳазор ҳодисаро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар минтақаи аз нигоҳи сейсмикӣ хатарнок қарор дошта, қишри замин доимо дар ҳаракат аст, вале ҳеҷ кас айни замон вақти саҳеҳи заминларзаро муайян карда наметавонад. «Агар ин имконпазир мебуд, заминларзаҳоеро, ки ба харобиҳои зиёд ва талафотҳои бешумори ҷонӣ боис гардиданд, пешгӯи мекарданд», – гуфт Ф.Раҳимӣ.

Номбурда зикр кард, ки чунин пешгӯиҳо ҷуз ҳангома (сенсатсия) барпо кардан чизи дигаре беш нест. «Албатта, олимони бахши зилзилашинсоии мо кор мекунанд ва натиҷаҳои хубе ҳам ба даст овардаанд, вале дар бораи чунин пешгӯиҳо ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст», – иброз дошт олим.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли ҷорӣ директори Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Қиғизистон Қанатбек Абдраҳматов

зикр карда буд

, ки солҳои 2015-2016 ба авҷи ҳодисаҳои заминларза рост меоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.