Президент намояндаи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерманро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайати баландпояи бонки мазкурро […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерманро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайати баландпояи бонки мазкурро ба Тоҷикистон иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории ҷонибҳо арзёбӣ карда ба фаъолияти имрӯзаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Тавре таъкид гардид, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда доираи бештару фарохтарро фаро мегиранд.

Зимни вохӯрӣ оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000, ки дар якҷоягӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мегардад намунаи олии ҳамкории судманди дуҷониба арзёбӣ гардида изҳори умед карда шуд, ки бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ дар оянда татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида мешавад.

Дар мулоқот масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и Норак, дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии нерӯгоҳи Норак, лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамгироии муштарак дар самти кам кардани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити шиддат гирифтани буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ва расонидани кӯмак ба кишвари мо дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ табодули назар карда мулоқоти имрӯзаро барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории мутақобила муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.