Се соат манъи ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт то 7 сентябр

То 18 август ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе аз соати 15:00 то 18:00 манъ карда мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин вақт дар хиёбон тамринҳои афсарону сарбозону гарнизони Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба сафороии низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди ҷашни […]

Аваз Юлдошев



То 18 август ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе аз соати 15:00 то 18:00 манъ карда мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин вақт дар хиёбон тамринҳои афсарону сарбозону гарнизони Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба сафороии низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии санаи 9 сентябр баргузор мешавад.

Аз 19 август то 7 сентябр тамринҳои омодагӣ ба гузашти низомии ҷашн дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт доир гардида, дар ин робита ҳаракати нақлиёт тариқи ин майдони марказӣ аз соати 19:00 то 22:00 манъ карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, гарнизонҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт санаи 9 сентябр

гузаштҳои низомӣ

барпо мешаванд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар гузашти низомии пойтахт аз иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт дар маҷмӯъ аз сафороиву гузашти 9 ҳазор нафар афсарону сарбозон интизорӣ меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.