Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Дар Душанбе иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад, ки дар он 39 масъала баррасӣ мешавад;

– Раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 барои рӯзноманигорон нишасти хабарӣ барпо мекунад;

– Агентии «Тоҷиксандарт» ба журналистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 маълумот медиҳад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8680

сомонӣ;


1

евро –

8.7508

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1208

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи металлургҳо


2003

– Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли байнулмилалии оби тоза дастаи муштараки Клуби байнулмилалии кӯҳнавардии Русия ва ВҲФ ҶТ экспедитсияи илмӣ-варзишӣ дар минтақаи кӯли Сарезро оғоз карданд.


2009

— Дар Шарм у-Шайх маросими муаррифии китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони арабӣ баргузор шуд.


2013

— Пешвои ҳаракати мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев зимни аз Прага омадан дар фурудгоҳи «Шереметьево»-и Маскав боздошт шуда, вале баъди гузашти чанд соат дубора ба Прага раҳсипор гардид.


1922

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина.


1941

– Мавлуди журналист Нур Табаров.


1948

– Зодрӯзи рӯзноманигор Саидқул Шомалангзода.


1953

– Мавлуди рӯзноманигор ва нависанда Раҳмони Остон.


1954

– Зодрӯзи нависанда Баҳманёр.


1964

– Мавлуди ходими давлатӣ, дипломат Давлат Назриев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +27+32.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +26+32; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +15+20.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.

spot_imgspot_img

Популярное