Шиносоии сарвазир бо рафти корҳои таъмиру азнавсозии роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти татбиқи Лоиҳаи сохтмони қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб шинос шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , корҳои сохтмон дар ин қитъаи лоиҳа моҳи январи соли 2011 оғоз гардида, тибқи нақша бояд то охири соли равон ба итмом расонида шаванд. Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ […]

АМИТ «Ховар»



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти татбиқи Лоиҳаи сохтмони қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб шинос шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, корҳои сохтмон дар ин қитъаи лоиҳа моҳи январи соли 2011 оғоз гардида, тибқи нақша бояд то охири соли равон ба итмом расонида шаванд.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ бунёди роҳ мувофиқи нақша ҷараён гирифта, корҳои сохтмони пулҳо ба пуррагӣ анҷом ёфтаанд. Роҳсозон дар ҳамин моҳ дар масофаи 4,5 км қабати аввали роҳро мумфарш карда, дар маҷмӯъ бо маблағи беш аз 5 млн доллар корҳои роҳсозиро ба анҷом расонидаанд.

Хотиррасон мешавад, ки дар сохтмони қитъаи роҳи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб мутахассисон ва роҳсозони Тоҷикистон, Чин, Туркия, Лубнон ва Кувейт дар ҳамбастагӣ фаъолият карда, шумораи умумии коргарони лоиҳа ба 710 нафар мерасад. Аз шумораи умумии коргарон  595 нафари онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд. Дар сохтмони ин қитъаи афзалиятноки роҳ беш аз 250 техникаю таҷҳизоти кории муосир сафарбар карда шудаанд. Масофаи умумии қитъаи роҳ 40 км-ро ташкил дода, он ҳамчунин сохтмони 10 адад купруки андозаҳои гуногундоштаро дар бар мегирад.

Дар ситоди сайёри корӣ, ки дар мавзеи татбиқи лоиҳа таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид, корҳои дар моҳи июн анҷомдодаи роҳсозон натиҷагирӣ шуда, нақшаи корӣ ва вазифаҳо барои моҳҳои оянда мушаххас карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.