Пешниҳоди ба хонаҳои баландошёна кӯчонидани аҳолии минтақаҳо

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон масъалаи тавсеъаи сохтмони хонаҳои баландошёнаро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба баррасии ҳукумат пешниҳод кардааст. «Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва нигаҳдории заминҳои обёрӣ, пешниҳод шуд, ки бунёди манзилҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳо зиёд карда шавад, – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи мазкур Раҷаббой Аҳмадзода. Ӯ қайд […]

Пайрав Чоршанбиев



Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон масъалаи тавсеъаи сохтмони хонаҳои баландошёнаро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба баррасии ҳукумат пешниҳод кардааст.

«Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва нигаҳдории заминҳои обёрӣ, пешниҳод шуд, ки бунёди манзилҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳо зиёд карда шавад, – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи мазкур Раҷаббой Аҳмадзода.

Ӯ қайд кард, ки шумори аҳолии кишвар сол то сол босуръат меафзояд. «Замин моро мехӯронаду мепӯшонад ва аз ин рӯ, мо бояд ба ҳар як порчаи он эҳтиёткорона муносибат кунем, – гуфт Аҳмадзода. – Дар ин робита минбаъд роҳандозии сохтмони хонаҳои баландошёнаи каммасраф барои оилаҳои эҳтиёҷаманд дар ноҳияҳо ба нақша гирифта шуда, таҳияи тарҳи мукаммали маҳалҳо дар шаҳру навоҳӣ зарур аст».

Номбурда таъкид дошт, ки дар ин сурат дар 12 сотих замин ба ҷойи 2 оила 40 ва зиёда оилаҳоро ҷой додан имкон дорад. «Агар пешниҳоди мо дастгирӣ ёбад, мушкилоти зиёди марбут ба дастрасӣ ба замин ҳал мешавад», – афзуд Р.Аҳмадзода.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.