Вазорати кишоварзӣ миқдори кишти заминҳои пахтаро зиёд нишон медиҳад?

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Вазорати кишоварзии ҷумҳуриро дар носаҳеҳ нишон додани миқдори кишти заминаҳои пахта гунаҳкор медонад. Раиси Кумита Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки бо мақсади роҳандозии дурусти кишти пунбадона дар шаҳру навоҳии пахтакор мутахассисони ин ниҳод андозагирии майдони кишти пахтаро мавриди санҷиш қарор дода, аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Вазорати кишоварзии ҷумҳуриро дар носаҳеҳ нишон додани миқдори кишти заминаҳои пахта гунаҳкор медонад.

Раиси Кумита Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки бо мақсади роҳандозии дурусти кишти пунбадона дар шаҳру навоҳии пахтакор мутахассисони ин ниҳод андозагирии майдони кишти пахтаро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаҳои он маълум шудааст, ки бо назардошт кишти такрорӣ, дар ҳудуди 160,6 ҳазор гектар (тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ – беш аз 166,7 ҳазор гектар ва 7 ҳазор гектар зиёдтар аз соли 2015) пунбадона кишт шудааст, ки дар қиёс бо нишондиҳандахои Вазорати кишоварзӣ беш аз 27 ҳазор гектар ё худ 14,4% камтар аст.

«Ин санҷишҳо баҳри бартараф намудани изофанависӣ, яъне пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ равона гардида буданд», – шарҳ дод Р.Аҳмадзода.

Раиси Кумита қайд кард, ки раҳбарияти кишвар ба афзоиши майдони кишти пунбадона дастур дода буд, зеро бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хом, корхонаҳои коркарди нахи пахтаи кишвар аз фаъолият бозмемонанд.

«Беш аз 20 чунин корхонаҳо дар вилояти Суғд фаъолият карда наметавонанд ва дар вилояти Хатлону навоҳиии тобеи марказ низ чунин корхонаҳо кам нестанд», – гуфт ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.