Бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар рӯйхати вохӯриҳои расмии ФИФА

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаҳои Сурия, Фаластин ва Турманистон ба феҳристи расмии бозиҳои Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) дохил шуданд. Дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хотиррасон мешавад, ки бозии наздиктарини худро тими Тоҷикистон рӯзи 27 август бо дастаи Сурия дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар Хуҷанд баргузор мекунад, ки ин варзишгоҳ […]

ASIA-Plus



Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаҳои Сурия, Фаластин ва Турманистон ба феҳристи расмии бозиҳои Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) дохил шуданд.

Дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хотиррасон мешавад, ки бозии наздиктарини худро тими Тоҷикистон рӯзи 27 август бо дастаи Сурия дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар Хуҷанд баргузор мекунад, ки ин варзишгоҳ 25 ҳазор ҷойи нишаст дорад.

Сипас рӯзи 6 сентябр дастаи Ҳаким Фузайлов дар меҳмонӣ бо тими мунтахаби Фаластин бозӣ мекунад, ки ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Дура» дар Хеврон доир мегардад. Рӯзи 3 октябр бозии ҷавобии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мешавад.

Боз як бозии дигари расмии дӯстонаро мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 9 ноябр дар Душанбе бо тими мунтахаби Туркманистон баргузор мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.