Маҳкумияти беш аз 10 корманди сохторҳои қудратӣ дар робита ба парвандаи Ҳоҷӣ Ҳалим

– Дар робита ба ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли равон таҳти роҳбарии собиқи муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) беш аз 10 корманди сохторҳои қудратӣ маҳкум шуданд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии рӯзи 18 июл раиси Суди олии ҷумҳурӣ Шермуҳаммад Шоҳиён . Ба гуфтаи ӯ, яке аз онҳо мансаби баландро ишғол намуда, […]

Мавзуна Абдуллоева



– Дар робита ба ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли равон таҳти роҳбарии собиқи муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) беш аз 10 корманди сохторҳои қудратӣ маҳкум шуданд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии рӯзи 18 июл раиси Суди олии ҷумҳурӣ Шермуҳаммад Шоҳиён

.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз онҳо мансаби баландро ишғол намуда, боқимонда кормандони сохторҳои гуногуни қудратии ҷумҳурӣ мебошанд. Дар ҳамин ҳол, Шермуҳаммад Шоҳиён аз ифшои ному насаб ва муҳлатҳои зиндони ин афрод худдорӣ кард.

Қобили зикр аст, ки

нимаи моҳи июни соли равон

Суди олии Тоҷикистон пушти дарҳои пӯшида нисбати чанде аз ҳаммаслакони Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ҳукм содир намуд.

Ёдрас мекунем, ки 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва воҳиди махсуси мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  ҳамла намуд. Сипас Назарзода ва ҷонибдорони мусаллаҳи ӯ дар дараи Ромит, воқеъ дар 50 километриии шаҳри Душанбе паноҳ бурданд.

Амалиёти аз байн бурдани ин гурӯҳ аз 4 то 16 сентябр идома ёфта, дар натиҷа худи генерал ва муовини ӯ, полковник Ҷунайдулло Умаров ва ҳамчунин 25 аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуда, беш аз 200 нафар дастдоштагон ба исён боздошт шуданд.

Ҳукуматдорон рӯйдодҳои моҳи сентябрро ба дӯши собиқ муовини вазири мудофиа, генерал-майор Абдуҳалим Назарзода вогузор намуда, баъдан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар омодагӣ ва маблағгузории исёни мусаллаҳона айбдор карданд.

Генерал Назарзода қаблан аъзои ҲНИТ буда, пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ тибқи квотаи 30 фоизӣ аз ҷониби мухолифон дар Вазорати мудофиа ба кор қабул шуд.

Моҳи майи соли равон суди пойтахт Бахтиёр Назаров, писари калонии Абдуҳалим Назарзодаро ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои «даъвати оммавӣ ба тағйир додани сохти конститутсионӣ», «даъват ба бетартибиҳои оммавӣ» ва кӯшиши «барқасдона хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин» гунаҳкор дониста шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.