Пастшавии фоизи ҳама намуди қарзҳо дар «Спитамен Бонк»

Аз 18-уми июли соли ҷорӣ ҶСП “Спитамен Бонк” қарзҳоро бо фоизҳои нави паст кардашуда пешниҳод мекунад. Тавре муовини аввали раиси Раёсати “Спитамен Бонк” Умедҷон Ҳикматов хабар дод, пастшавии фоизҳо бо мақсади дастгирии мизоҷон дар давраи душвори иқтисодӣ амалӣ шудааст. Принсипҳои кории Бонк дар барпосозии равобити дарозмуддату шарикона бо мизоҷон асос мегиранд. Маҳз бинобар ин Бонк […]

Иттилоияи расмӣ



Аз 18-уми июли соли ҷорӣ ҶСП “Спитамен Бонк” қарзҳоро бо фоизҳои нави паст кардашуда пешниҳод мекунад.

Тавре муовини аввали раиси Раёсати “Спитамен Бонк” Умедҷон Ҳикматов хабар дод, пастшавии фоизҳо бо мақсади дастгирии мизоҷон дар давраи душвори иқтисодӣ амалӣ шудааст.

Принсипҳои кории Бонк дар барпосозии равобити дарозмуддату шарикона бо мизоҷон асос мегиранд. Маҳз бинобар ин Бонк қарор додааст, то меъёрҳои фоизӣ дар замоне, ки мизоҷон бештар ба он ҳоҷатманданд, паст карда шаванд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси Раёсати бонк, қисми бештари мизоҷони муассиса субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд, ки маҳз онҳо дар тамоми дунё пешбари иқтисодиёт ба ҳисоб мераванд ва Тоҷикистон низ истисно нест.

«Роҳбарияти Бонк самимона бар он аст, ки маҳз бо корҳои амалӣ, монанди зиёд кардани имкониятҳои субъектҳои соҳибкорӣ нисбати манбаъҳои дастраси қарзӣ ва маблағгузорӣ, ба устуворӣ ва бузургшавии потенсиали соҳибкории мамлакат расидан мумкин аст.

ҶСП “Спитамен Бонк” дар оянда низ барои боз ҳам бештар баландгардонии сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар кардани шароитҳои маҳсулоти бонкӣ кӯшиш мекунад», – изҳор дошт Умедҷон Ҳикматов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.