Мактаби байналмилалии бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ дар Саразм

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуминитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз 11 то 17 июли соли 2016 дар мавзеи ёдгории кишоварзии Саразм – ёдгории меросии умумибашарии ЮНЕСКО, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад, Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ – […]

Иттилоияи расмӣ



Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуминитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз 11 то 17 июли соли 2016 дар мавзеи ёдгории кишоварзии Саразм – ёдгории меросии умумибашарии ЮНЕСКО, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад, Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ – ро баргузор намуд.

Тавре Шервони Умриддин сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор Зикриё Акрамӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, ба бостоншиносони ҷавон комёбӣ орзу намуданд.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои узви ИДМ – ро баргузор менамояд ва олимони ҷавони бостоншинос аз кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон олимони бостоншиносони варзидаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда ба олимони ҷавони ИДМ аз таҷрибаи кории худ ва дастовардҳои бостоншиносони тоҷик суҳбатҳо оростанд.

Дар кори Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон 26 олимони ҷавони ИДМ аз ҷумла 5 нафар аз Федератсияи Россия, 5 нафар аз Ҷумҳурии Молдова, 5 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Арманистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Белорусия, 3 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва 11 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 7 рӯз дар ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ таҷрибаи корӣ омӯхтанд.

Сипас, дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ Конфронсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи “Дастовардҳои бостоншиносии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият”, сарвари экспидидсияи бостоншиносии шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои филология Лурье Павел Борисович дар мавзӯи “Панҷакенти қадим – шаҳраки асрҳои 5 – 8 мелодӣ”, ходими калони илмии пойгоҳи бостоншиносиии Панҷакент – Саразм, номзади илмҳои таърих Шарофиддин Курбонов дар мавзӯи “Ёдгориҳои бостоншиносии Санҷаршоҳ дар асрҳои 5 – 7 мелодӣ”, мудири пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм Абдурауф Раззоқов дар мавзӯи “Саразм – ёдгории мероси умимиҷаҳонии ЮНЕСКО” сухан ронданд.

Меҳмонон дар баробари ёдгории таърихии қадимаи Саразм аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, оромгоҳи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ воқеъ дар деҳаи зебоманзараи Панҷрӯд, оромгоҳи Муҳаммад Башорро ва музейи таърихии Лоиқ Шералӣ, ки дар деҳаи Мазори Шариф аст боздид намуданд.

Мақсади баргузор намудани Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон шиносоӣ бо таҷрибаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар минтақаҳои куҳсор, усули ҳифз намудани маҳалаҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии водии Зарафшон ҷараёни ҳафриёти ёдгории таърихии қадимаи Саразм ба ҳисоб мерафт.

Дар доираи чорабинии мазкур барои олимони ҷавони бостоншинос машғулиятҳои амалӣ доир карда шуд. Дар фаҷом ба 26 нафар олимони ҷавони бостоншиноси узви ИДМ ва 11 нафар олимони ҷавони бостоншиноси тоҷик Сертификати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон ҳар сол дар ҳар давлат як маротиба гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.