Ҳалокати тоҷикистонии 17-сола дар Петербург аз лату кӯби наврасон

Пулиси шаҳри Санкт-Петербург иттилоъ медиҳад, ки як шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон шаби 2 ба 3 август ҳадафи ҳамлаи гурӯҳӣ қарор гирифта, бо зарби мачете, бита ва корд кушта шудааст. Бо истинод ба нашрияҳои маҳаллӣ Радио Озодӣ дар ин робита хабар медиҳад , ки ҷасади ин муҳоҷирро дар назди як мағозаи шабонарӯзӣ дар кӯчаи Ленскаяи ноҳияи Красногвардейский […]

Радиои Озодӣ



Пулиси шаҳри Санкт-Петербург иттилоъ медиҳад, ки як шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон шаби 2 ба 3 август ҳадафи ҳамлаи гурӯҳӣ қарор гирифта, бо зарби мачете, бита ва корд кушта шудааст.

Бо истинод ба

нашрияҳои маҳаллӣ

Радио Озодӣ дар ин робита

хабар медиҳад

, ки ҷасади ин муҳоҷирро дар назди як мағозаи шабонарӯзӣ дар кӯчаи Ленскаяи ноҳияи Красногвардейский пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин навраси тоҷик дар наздикӣ, дар хиёбони Косигин ба сар мебурд ва қарибии соати 12 барои харид ба мағоза омадааст. Аммо дар назди мағоза байни ӯву як гурӯҳи наврасони маҳаллӣ муноқиша бармехезад ва онҳо навраси тоҷикро аз ноҳияи пушташ чанд корд зада, дастикам ду ангушти ӯро низ мебуранд.

Ин навраси ҳанӯз зиндаро ба бемористон бурдаанд, вале бо вуҷуди талошҳои табибон, ӯ дар рӯи кати ҷарроҳӣ даргузаштааст.

Пулиси Петербург гуфтааст, дар як муддати кӯтоҳ бо гумони даст доштан дар ин куштор се навраси аз 16 то 18-сола ва як духтари 15-соларо дастгир кардаанд. Ҳамаи онҳо дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд. Аз боздоштшудаҳо як мачете ва чанд битаву корд мусодира шудааст.

Дар консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 3 август ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ин қазияро аз тариқи каналҳои расмии дипломатӣ таҳқиқ мекунанд. 

Пулиси Петербург ҳанӯз шахсияти навраси кушташударо нашр накардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.